Муассисаи мо

  1. Муҳимтарин вазифаи мактаб ва ҷомеа дар шароити нави таърихи аз он иборат аст,

  2. ки шогирдонро дар руҳияи хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ, дарки равшани арзишҳои

  3. умумимиллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд.

  4. Эмомалӣ Раҳмон

Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Гулчини маърифат» дар суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Барака Бобоева № 15 ҷой гирифтааст. Муассиси муассисаи таълимӣ Зиёбоев Мақсуд Муродович истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ходҷентская хонаи 61, дорои шиносномаи А3311883, ки аз тарафи шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд дода шудааст. Муассисаи таълимӣ дар асоси низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ дар Ҷумхурии Точикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №387 аз 2- июли 2009 сол шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, фаъолият дорад. Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Гулчини маърифат» дорои иҷозатнома (литсензия) АУ №0001761 буда, бо фармони Раёсати маорифи вилояти Суғд аз 27.08.2009 №228 ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълим дода шудааст. Мактаб инчунин дорои шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии таъсисёбии муассисаи таҳсилоти умумии Ғайридавлатии «Гулчини маърифат» бо рақами ягонаи мушаххас: 5110000262 – и кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар бахши Раёсати ташкили бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии шахри Хуҷанд 29.07.2009 сол ба сабти давлатӣ гирифта шуда, дар назорати андози шаҳри Хуҷанд аз қайди баҳисобгирӣ гузаронида шудааст. Муассисаи таълимӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд №645 аз 30.09.2009 сол дар бораи тасдиқ намудани санади комиссияи давлати қабули иншооти ба истифода омадашуда 30 августи 2009 сол мактаби таҳсилоти умумии «Гулчини маърифат» барои 500 нафар хонанда дар масоҳати 3579,55мм тасдиқ карда шудааст. Мактаби навтаъсис соли нахуст, яъне 1 сентябри 2009 сол бо 167 нафар хонанда дар 19 синф кори худро оғоз кард. Мактаб аз соли аввали фаъолияташ дар олимпиадаҳои шаҳрӣ ва вилояти иштирок менамояд.

15 толибилми беҳтарин

  1. 1)Ҳакимова Фараҳноз - 579(хол)
  2. 2)Икромалиев Фирдавс - 558(хол)
  3. 3)Махмудов Муҳаммад - 555(хол)
  4. 4)Аюбов Зоҳирҷон - 550(хол)
  5. 5)Рустамова Аниса - 537(хол)
  6. 6)Юсупов Мӯъмин - 504(хол)
  7. 7)Ҷумъаева Шоҳина - 503(хол)
  8. 8)Ниёзова Фарзона - 502(хол)
  9. 9)Сафаров Абӯбакр - 469(хол)
  10. 10)Қодирова Марҳамат - 450(хол)
  11. 11)Абдужаборава Ясмина - 446(хол)
  12. 12)Раҳимов Меъроҷхон - 425(хол)
  13. 13)Қурбонов Раҳим - 422(хол)
  14. 14)Умарова Зулола - 401(хол)
  15. 15)Тоджиддинзода Зарангиз - 400(хол)