Феврал

18

Санаи 11.02.2020 машварати доимоамалкунандаи муовинони директор оид ба корҳои тарбиявӣ баргузор гардид, ки дар он намоиши корҳои эҷодии хонандагон бахшида ба "Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", маърӯза дар мавзуи "Терроризм ва ифротгароӣ хатар ба аҳли башар" баромад карда шуд. Инчунин Аз тарафи омӯзгорони муассиса 7 дарсҳои тарбиявӣ гузаронида шуд.
Феврал

18

Дар мактаб бо хонандагони синфҳои 5-11 шанбегии умумимактабӣ гузаронида шуд, ки дар он хонандагон фаъолона иштирок намуда гирду атрофи мактаб тоза карда шуданд.
Декабр

24

Санаи 18.12.2019 дарси намунавӣ бо роҳбарии омӯзгор Ҳасанова Д. аз фанни адабиёт дар синфи 8 "а"гузаронида шуд, ки хонандагон дар ин чорабинӣ хеле фаъолона иштирок намуданд.
Декабр

24

Санаи 20.12.2019 хонандагони МТУҒ "Гулчини маърифат" бо роҳбарии Ғафурова Р. дар саҳнаи соли навии шаҳри Хуҷанд баромад намуданд, ки чорабинӣ хеле дар сатҳи баланд гузашт. Дар чорабинии шаҳрӣ зиёда аз 100 нафар тамошобинон бо қарсақҳои баланд таъби худро болида гардониданд.
Ноябр

11

Санаи 31 октябр дар мактаби "Гулчини маърифат" чорабинии беруназсинфӣ дар мавзӯи "Welcome to London"(" Марҳамат ба Лондон") бо синфи 6 "б" гузаронида шуд. Чорабинӣ рангин ва хело шавқовар гузашт/
Ноябр

11

Санаи 31 уми октябр дар МТУҒ "Гулчини маърифат" бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ ташкил ва гузаронида шуд. Хамзамон дар муассиса озмуни "Донандагони беҳтарини Конститутсия" доир гардид.